Нақшаи ҳамкории инфрасохторӣ яке аз созишномаҳои дуҷонибаест, ки роҳбарони Чин зимни сафари давлатии худ ба Филиппин дар моҳи ҷорӣ имзо кардаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки нақша дастурҳо оид ба ҳамкории инфрасохторӣ байни Манила ва Пекин дар даҳсолаи ояндаро дар бар мегирад, ки нусхаи он рӯзи чоршанбе барои расонаҳо нашр шуд.
Тибқи гузориш, Филиппин ва Чин самтҳо ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар асоси бартариҳои стратегӣ, имкониятҳои рушд ва таъсири пешбарандаро муайян хоҳанд кард. Самтҳои асосии ҳамкорӣ нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, моҳидорӣ ва бандар, нерӯи барқ, идоракунии захираҳои об ва технологияи иттилоот ва коммуникатсионӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки Чин ва Филиппин усулҳои нави маблағгузориро фаъолона меомӯзанд, аз бартариҳои ду бозори молиявӣ истифода мебаранд ва воситаҳои муассири маблағгузориро барои ҳамкории инфрасохторӣ тавассути усулҳои маблағгузории бозорӣ таъсис медиҳанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ду кишвар инчунин ёддошти тафоҳумро дар бораи ҳамкорӣ дар ташаббуси "Як камарбанд ва як роҳ" имзо карданд. Тибқи иттилои санадҳои ҳамкорӣ, самтҳои ҳамкории ду кишвар муколама ва коммуникатсия, рушди инфрасохтор ва пайвастшавӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкории молиявӣ ва мубодилаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Вақти нашр: 07 ноябри соли 2019



